Пайвандҳои дастрасӣ

6 зина пеш рафтани Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА


Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА 6 зина боло рафта, дар байни 209 кишвар дар мақоми 136 ҷой гирифт. Испания ҳамчунон дар ин раддабандӣ дар мақоми аввал ва Олмон дар ҷои дувум қарор доранд. Португалия як зина пеш рафта, дар мақоми севуми ҷадвали ФИФА қарор гирифт. Зинаи чоруми ин раддабандиро Аргентина ба худ ихтисос додааст, вале Бразилия ҳамагӣ дар мақоми 14-ум будааст. Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ Русия бо мақоми 12-ум пешсаф аст. Ҳамин тавр, ФИФА Узбакистонро, ки дар мақоми 70 аст, болотар аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гузоштааст.
XS
SM
MD
LG