Пайвандҳои дастрасӣ

Платинӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард


Мишел Платинӣ(Акс аз бойгонӣ)

Мишел Платинӣ(Акс аз бойгонӣ)

Президенти УЕФА Мишел Платинӣ дар даҳаи дувуми моҳи октябр аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Федеросиюни футболи Тоҷикистон гуфт, ин боздид дар чорчӯби силсиласафари Платинӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат хоҳад гирифт. Қарор аст, раҳбари УЕФА дар Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва фарзанди ӯ Рустами Эмомалӣ, ки раиси Федеросиюни футболи ин кишвар аст, мулоқот кунад.
Платинӣ мехоҳад дар интихоботи оянда барои курсии раиси ФИФА вориди мубориза шавад ва, ба навиштаи “Азия Плюс”, мехоҳад аз ҳоло ҳимояти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз номзадиаш дар ин корзорро таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG