Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванишвилӣ мавқеъашро нармтар кард


Бидзина Иванишвилӣ миллиардери гурҷӣ, ки эътилофи сиёсии мухолифи давлаташ дар интихоботи порлумонӣ пирӯз шуд, гуфт, тақозои ӯ барои истеъфои раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ танҳо як даъват аст. Қарор аст, натиҷаҳои комили муқаддамотии интихоботи порлумониро имрӯз эълом кунанд. Аммо Саакашвилӣ шикасти ҳизбаш Ҳаракати Муттаҳидаи Миллиро эътироф кард ва гуфт, ки Ҳизби Ормони Гурҷистон ҳаққи таъсиси ҳукуматро ба даст овардааст. Баъди ин Бидзина Иванишвилӣ гуфт, беҳтар аст, Михайил Саакашвилӣ як сол қабл аз анҷоми раёсати ҷумҳуриаш истеъфо дода, интихоботи зудрас даъват кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин талаби сиёсӣ аст, на ултиматум ва афзуд ки ба хотири некӯаҳволии миллаташ омодаи муколама бо раиси ҷумҳур мебошад.
XS
SM
MD
LG