Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Тоҷикистон чӣ хоҳад гуфт?


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия фардо бо як сафари дурӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дастёри у Юрий Ушаков имрӯз гуфт, дар ҷараёни мулоқоти Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва низомӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот ба муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия таваҷҷӯҳи хос хоҳад шуд ва интизор меравад, созишномаҳо дар ин замина ба имзо бирасанд. Сарнавишти пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки мӯҳлати ҳузури он соли 2014 ба поён мерасад, яке дигар аз мавзӯъҳои сӯҳбат хоҳад буд, ки мояи сардӣ дар муносиботи ду кишвар шудааст. Музокирот дар бораи созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳ тақрибан 2 сол аст идома дорад, вале тарафҳо ба ҷое нарасидаанд. Русия мехоҳад пойгоҳ дар Тоҷикистон ба таври ройгон ва 49 сол бимонад, аммо Тоҷикистон хостааст, Русия барои он солона тақрибан 300 миллион доллар бипардозад.
XS
SM
MD
LG