Пайвандҳои дастрасӣ

ВУХ-и Тоҷикистон сафари Путинро "бисёр муҳим" хонд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия

Раисиҷумҳури Русия шоми имрӯз вориди Душанбе хоҳад шуд. Мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон фардо дар назар аст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълом кард, ки Владимир Путин -- раисиҷумҳури Русия шоми имрӯз, чоруми октябр, вориди Душанбе мешавад. Давлат Назриев, сухангӯи вазорат, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд, мулоқоти якбаяки раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш рӯзи 5-уми октябр сурат хоҳад гирифт.

Баъдан, ба гуфтаи Назриев, музокироти дуҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистону Русия низ дар назар аст. "Дар ин мулоқот масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, иҷтимоъ, саноат ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор мегиранд",-илова кард ӯ.

Давлат Назриев гуфт, қарор аст, дар поёни ин дидору гуфтугӯҳо чанд санад низ ба имзо бирасад. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки чанд ва дар мавриди чӣ масоил имзо хоҳанд шуд.

Бо ин ҳол, масъуони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафари Владимир Путин ба Душанберо барои тавсе ё рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, ки дар солҳои охира начандон гарум самимӣ буд, бисёр муҳим арзёбӣ карданд.

Аз ин пештар, Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфта буд, ки сарнавишти пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон, аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи ҷониби Маскав бо Душанбе хоҳад буд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС 3-юми октябр ба нақл аз ёвари раисиҷумҳури Русия навишт, зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон бар ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният ва бехатарӣ дар Осиёи Миёна таъкид хоҳад шуд ва пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон, нақши кафили амният ва бехатариро ифо хоҳад намуд.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ҷонибҳо талошҳояшонро дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, тероризми байналмилалӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ афзун хоҳанд кард.

Ба андешаи ҷаноби Ушаков, бо хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014, нақши пойгоҳи низомии 201 ҳамчун омили нигаҳдорандаи сулҳу субот, бештар хоҳад шуд.

Ҳамчунин таваҷҷӯҳ сари ҳамкориҳои амиқтар дар бахши муҳоҷират низ зоҳир карда мешавад. Интизор меравад, ки зимни сафари Путин ба Тоҷикистон, як қатор санадҳои муҳим дар бахшҳои мудофиа, энергетика, муҳоҷират ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ба тасвиб расанд.

Масоили ҳамкорӣ дар бахши иқтисодӣ, аз ҷумла имконияти бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои дохилии Тоҷикистон, зимни ин сафар баррасӣ хоҳад шуд.

Ёвари раиси ҷумҳури Русия бештар ба баррасии масоили низомиву амниятӣ ишора кардааст, дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз ин шарики стратегӣ дар ҳалли масоили иқтисодӣ бо шумули пойин бурдани пардохтҳои гумруки ба маводи сӯхтро гузашт интизор аст.

Гуфта мешавад, ки сафари оқои Путин шоми ҷумъа пас аз зиёфати бахшида ба шастсолагии Эмомалӣ Раҳмон, анҷом меёбад.

Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар соли 2014-ум ба поён мерасад ва баҳси шароити тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ байни Маскаву Душанбе камаш 4 сол боз идома дорад. Мақомот расман дар бораи шартҳои тарафҳо ва ҷараёни музокирот хеле кам маълумот медиҳанд, вале бино ба хабари расонаҳои русӣ, Душанбе барои ин пойгоҳ тақрибан 250 миллион доллар пули иҷора мехоҳад, ки Маскав қабул надорад.

Дар моҳҳои ахир муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов барои баҳси мавзӯи пойгоҳ фақат дар як моҳи охир ду бор аз Душанбе дидан кард. Баъд аз сафари ахири ӯ дар нимаи аввали моҳи сентябр, бархе манобеъ хабар доданд, ки ду кишвар бар сари тамдиди замони иҷораи пойгоҳи 201 ба тавофуқ наздик шудаанд ва сухан ғолибан дар бораи то 29 сол меравад, на 49 соле ки дар оғоз ҷониби Русия мехост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG