Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тазоҳуроти Бишкек 10 нафар захмӣ шудаанд


Маъмурони амниятии Қирғизистон зимни пароканда кардани тазоҳуроти мухолифин дар шаҳри Бишкек 10 нафар аз ҷумла се нафарро бо силоҳ маҷрӯҳ кардаанд. Дар ин шаҳр бештар аз 1000 нафар бо талаби миллӣ кардани бузургтарин корхонаи заршӯӣ дар Қирғизистон дар назди бинои порлумон тазоҳурот карданд. Корхонаи заршӯии Кумтор, ба ширкати “Сентерра Голд” дар Канада тааллуқ дорад ва 12 дар сади даромади буҷаи давлат аз ҳисоби он аст. Дар тазоҳурот вакили мардумӣ Қамчибек Тошиев, раҳбари як ҳизби мухолиф аз тазоҳургарон хост, ҳукуматро сарнагун кунанд. Маъмурони амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд.
XS
SM
MD
LG