Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати «Вавилон-Мобайл» нахустин шуда дар Тоҷикистон фурӯши SIM-кортҳои нави навъи Nano-SIM- ро ба роҳ монд.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати мобилии "Вавилон Мобайл" рӯзи чаҳоршанбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дорандагони таҷҳизоти iPhone 5 минбаъд метавонанд барои гирифтани Nano Sim-кортҳо ба шӯъбаи муштариёни ин ширкат, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва дар шӯъбаҳои намояндагии ширкат дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб муроҷиат намоянд.

Ба қавли Холиқназар Ҷумъаев, муштариёни «Вавилон-Мобайл» метавонанд дар шуъбаҳои ин ширкат ба таври ройгон Sim-корти худро ба Nano Sim-корт иваз намоянд. Ва он афрод, ки мехоҳанд ин навъи симкартро харидорӣ кунанд, нархи он аз симкортҳои маъмулӣ фарқ намекунад.

Nano -SIM айни замон дар ҷаҳон ба анъана даромадааст ва рушди фановарии телекоммуникатсия ҳатто ба он овардааст, ки бузургтарин истеҳсолкунандагони телефонҳои мобилӣ, смартфонҳо ва дигар технологияҳои муосир ба истеҳсоли таҷҳизоте машғул шаванд, ки дар он бевосита Nano Sim-кортҳо истифода бурда мешаванд.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи «Вавилон мобайл» мегӯяд, ки симкортҳои «Nano-SIM» танҳо ва фақат барои телефонҳои iPhone 5 ва iPad истифода мешаванд ва дар телефонҳои ҳамроҳи дигар намешавад ба кор андохт. Дар айни замон ширкати «Apple» дар соҳаи мазкур хеле машҳур буда, бо навовариҳои худ аз қабили iPhone 5 ва iPad дар бозори алоқаи мобилӣ пештоз мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG