Пайвандҳои дастрасӣ

"Қир" шудани ҳайвоноти нодири Дашти Ҷум аз сӯи афғонҳо


Яке аз деҳоти ноҳияи Шӯрообод.

Яке аз деҳоти ноҳияи Шӯрообод.

Идораи ҷангали минтақаи Кӯлоб ба шумориши ҳайвоноти нодири мамнӯъгоҳи Дашти Ҷум оғоз кардааст.

Мираҳмад Давлатов, директори Муассисаи хоҷагии ҷангал дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, солҳост, шумораи ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бузҳои пармашох - навъи нодири буз дар Осиёи Марказӣ, мушаххас нест.

Ҷаноби Давлатов мегӯяд, замони шӯравӣ шумораи бузу хирсу палангҳои нодири Тоҷикистон тариқи чархболҳои махсус ҳисоб мешуд ва омори дақиқе дар бораи саршумори онҳо вуҷуд дошт, вале пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, ҷангалбонҳо тоҷик дигар чунин имкон надоранд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, ҷангалбонҳо талош доранд, то тариқи дурбинҳо шумораи тахмини бузҳои пармашох, хирс ва палангро дар мамнӯъгоҳи Дашти Ҷум маълум кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Исломшоҳ Шоев, муовини раиси ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ин навъи бузҳои нодир ба ҳаде аз ҷониби қочоқчиён шикор шудааст, ки ҳоло дигар дар ҷойҳои чашмрас намоён нестанд: «Бузҳои пармашох дар ҷое ҳастанд, ки он ҷо марзшиканони силоҳбадасти афғон ҳузур доранд. Дар давраи Шӯравӣ шумораи онҳо зиёд буд, вале аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон бераҳмона шикор шуданд. Ҷангалбонҳои мо наметавонанд, ин бузҳоро муҳофизат кунанд, зеро афғонҳо мусаллаҳанд. Шумораи ин бузҳо ҳам ба фикрам хеле кам шудааст».

Дар ҳамин ҳол, Ҳасан Амиров, сардори Бозрасии Ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, нобудшавии бузҳои пармашох боиси нигаронист, аммо онҳо наметавонанд дар мавзеи сарҳадӣ ин навъи нодири бузҳоро ҳифз кунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳифзи ин бузҳо хеле муҳим аст: «Дар Дашти Ҷум ҳам мамнӯъгоҳ барои ҳамин бузҳо ташкил шудааст. Шумурдани ин навъи бузҳо ва ҳифзи онҳо хеле муҳим аст. Ин гуна буз дар Осиёи Миёна танҳо дар Тоҷикистон аст. Дар Китоби Сурх ҳам ҷойгир аст ва зери хатари нобудшавӣ қарор дорад. Мо барои ҳифзи он бояд ҳама талошро ба харҷ диҳем».

Ҳайвоноти нодири мамнӯъгоҳи Дашти Ҷум дар ҳоле шумурда мешаванд, ки бинобар дар мавзеи сарҳадӣ ҷойгир будан, ҳайвоноти нодири он аз ҷониби силоҳбадастони афғон шикор мешаванд. Ин мамнӯъгоҳ дар мавзеи мушкилгузару душворназорат барои сарҳадбонони тоҷик, дар соли 1983 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод ташкил ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG