Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии “Равшан” бар “Вахш” дар Кӯлоб


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бегоҳи чоршанбе, 3-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб поён ёфт.

Ҳарсе голро ба дарвозаи меҳмонон ҳамлагар Наврӯз Рустамов дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд ва хет-трик кард.

Ҳамин тариқ, дастаи “Равшан”, муддаии унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо 40 имтиёз мавқеашро дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи дувум нигоҳ дошт. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода мисли пешин бо 41 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 33 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ширкат дошт, аз ҳама камтар – ҳамагӣ 13 бозӣ анҷом додааст ва бо 29 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. “Истиқлол” бо рақибони аслиаш - “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои медалҳои тиллои мусобиқа мубориза мебарад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И
1. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 16 13 2 1 37-11 41
2. «Равшан» (Кӯлоб) 16 13 1 2 25-6 40
3. «Хайр» (Ваҳдат) 16 10 3 3 29-18 33
4. «Истиқлол» (Душанбе) 13 9 2 2 32-8 29
5. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 16 8 2 6 33-22 26
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 15 7 2 6 20-12 23
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 16 6 2 8 22-26 20
8. КМВА «Помир» (Душанбе) 16 5 4 7 16-19 19
9. «Истаравшан» (Истаравшан) 17 5 3 9 25-34 18
10. «Энергетик» (Душанбе) 15 4 5 6 20-20 17
11. «Ҳосилот» (Фархор) 16 4 1 11 16-35 13
12. «Гвардия» (Душанбе) 16 2 0 14 9-42 6
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 16 1 3 12 17-48 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 11 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Асадулло Бобоҷонов («Парвоз») – 9-тӯбӣ, Габриэл Донто, Шодибек Ғаффоров (ҳарду - «Энергетик»)- 8-тӯбӣ.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 16-ум:
4-уми октябр (панҷшанбе), соати 15:00
“Энергетик” (Душанбе) – КМВА “Помир” (Душанбе)

Бозиҳои даври 19-ум:
8-уми октябр (душанбе)
Оғози бозиҳосоати 15.00
«Парвоз» - «Равшан»
«Вахш» - «Истаравшан»

9-уми октябр (сешанбе)
Оғози бозиҳосоати 15.00
«Гвардия» - «Энергетик»
«Регар-ТадАЗ» - «Зарафшон»
КМВА «Помир» - «Истиқлол»
«Хуҷанд» - «Ҳосилот»
XS
SM
MD
LG