Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти бомбгузориҳои хунин дар шаҳри Ҳалаб


Бино ба гузоришҳо, бар асари се бомбгузорӣ дар шаҳри Ҳалаби Сурия, дасти кам 40 нафар кушта ва 90 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Се мошини бомбгузоришуда дар маркази як ноҳияи Ҳалаб мунфаҷир шудааст, ки таҳти назорати нерӯҳои артиши Сурия қарор дорад. Телевизиони давлатии Сурия аз вуқӯъи се таркиш дар шаҳри Ҳалаб гузориш дод ва онро кори дасти “террористон” хонд, ки ишора ба шуришиёнест, ки алайҳи режими Башшор Асад меҷанганд. Маркази нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар шаҳри Лондон қароргоҳ дорад, мегӯяд, ки инфиҷорҳо дар назди қароргоҳи афсарон сурат гирифтааст. Баъди саъйи шуришиёни Сурия барои ишғоли шаҳри Ҳалаб дар ҳафтаи гузашта, ҷангҳо дар ин шаҳри бузург ва қадимии Сурия авҷ гирифтааст. Ба гуфтаи мухолифони давлат, аз замони оғози қиёмҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар 18 моҳи пеш, то кунун бештар аз 30 ҳазор нафар дар Сурия кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG