Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишел Платини ба Душанбе меояд


Мишел Платини, раиси Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо (UEFA), рӯзи 10-уми октябр ба Душанбе меояд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Азизбек Раҷабов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт: “Ба ҳайати вакилони UEFA бо роҳбарии Мишел Платини кормандони масъули Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо ва созмонҳои миллӣ шомиланд. Меҳмонон тӯли сафари дурӯзаи корӣ бо вазъи футбол дар кишвар ошно мешаванд. Инчунин Мишел Платини дар ҷараёни сафари худ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарияти Федератсияи футболи кишвар мулоқот хоҳад кард. Рӯзи 11-уми октябр, соати 10 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” нишасти матбуотӣ бо ширкати меҳмонон баргузор мешавад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабов собиқ футболбози машҳури мунтахаби Фаронса Мишел Платини ба ҳайси раҳбари футболи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар хоҳад кард. Ӯ пас аз Қирғизистон ба Тоҷикистон меояд.
XS
SM
MD
LG