Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар пешбиниҳои ADB


Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон, ки имсол шоҳиди рушди кундтар шуд, соли оянда то 6 дар сад рушд хоҳад кард. Соли 2012 иқтисоди кишвар назар ба нишондодҳои қаблӣ то 5,5 дар сад рушд кардааст, ки сабаби он бадтар шудани вазъи иқтисодии Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон будааст. Бонки Осиёии Рушд, ки дурнамои иқтисоди Осиёро нашр кард мегӯяд, ба далели интиқоли пули бештари муҳоҷирон, тақозои бештар ва ҷамъоварии молиёти зиёдтар, рушди иқтисоди Тоҷикистон соли 2013 ба 6 дар сад хоҳад расид. Бонки мазкур мегӯяд, роҳи кӯтоҳтар ба пешрафтҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ислоҳи шароити бади сармоягузорӣ ва ба даст овардани эътимоди сармоягузорони хусусӣ аст, ки аз омадан ба Тоҷикистон метарсанд.
XS
SM
MD
LG