Пайвандҳои дастрасӣ

"Ота Ҷурт" дар Бишкек шӯриш ташкил кард


Бишкек.3-юми октябри соли 2012.

Бишкек.3-юми октябри соли 2012.

Ширкатдорони гирдиҳамоӣ дар майдони Ала-Тоо барои ҳуҷум ба бинои парламент талош карданд. Дар тазоҳурот даҳ нафар захм бардошт.

Задухӯрд миёни тазоҳургарон ва нерӯҳои пулис баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки субҳи чаҳоршанбе бештар аз 1000 нафар дар Бишкек бо талаби миллӣ кардани бузургтарин корхонаи заршӯӣ дар Қирғизистон, тазоҳурот карданд.

Корхонаи заршӯии Кумтор, ба ширкати “Сентерра Голд” дар Канада тааллуқ дорад ва 12 дар сади даромади буҷаи давлат аз ҳисоби он аст.

Дар тазоҳурот сиёсатмадорон аз ҷумла Қамчибек Тошиев, раҳбари як ҳизби мухолиф ширкат дошт ва аз тазоҳургарон хост, ҳукуматро сарнагун кунанд.

Маъмурони амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд, вале ба 50 нафари онҳо муяссар шудааст, ки девори порлумонро рахна кунанд.

Ба иттилои вазорати умури дохилии Қирғизистон, чанд тан аз тазоҳургарон бо аслиҳа боздошт шудаанд. Дар ҳамин ҳол вазири умури дохилии Қирғизистон гуфтааст, ки омилони ин беназмиҳоро муҷозот хоҳанд кард.

Хабарнигори Озодӣ аз Бишкек гузориш медиҳад, ки ҳоло мақомот тадобири амниятиро дар назди бинои парламент таҳким бахшида ва масъулияти амниятро ба гурӯҳи вежа ва пулиси савора вогузор кардаанд.

Дар баробари Қамчибек Тошиев ҳамчунин ноиби раиси парлумон аз ҷиноҳи "Ота Ҷурт" Талант Мамитов ва раҳбари ҳизби "Асаба" Салморбек Дийканов тазоҳуротро раҳнамоӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG