Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунармандон мехоҳанд Фаромӯзро наҷот диҳанд


Фаромӯзи 21-сола ба ҷарроҳии гурда ниёз дорад.
Фаромӯзи 21-сола ба ҷарроҳии гурда ниёз дорад.

Ситораҳои эстрадаи тоҷик бо баргузории як консерт мехоҳанд, то ба Фаромӯзи 21- сола, ки ба ҷароҳии гурда ниёз дорад, кӯмак кунанд.

Ин консерти хайриявӣ ҳафтаи оянда дар толори ВЕФА Сентр, дар маркази шаҳри Душанбе бо ширкати овозхонони саршинос Далер Назаров, Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибеки Мурод, Кирил Қамбаров, гурӯҳҳои «Шамс», «Авесто», «Парем» ва дигарон сурат хоҳад гирифт.

Аҳмадалӣ Тоҷиддинов, масъули сомонаи «TONIGNT.TJ, ки аз ҷумлаи созмондиҳандагони ин иқдом аст, зимни таъйиди ин хабар ба РО гуфт, ки «ҳадафи аслӣ, дасти кӯмак дароз кардан ба як нафар ҷавон аст, ки дар мубориза бо ҳаёт аст. Вай ба кӯмак шадидан ниёз дорад ва барои мо мояи ифтихор аст, ки аз тариқи баргузории ин консарти хайриявӣ, битавонем, каме ҳам бошад ёрдам кунем».

Вай гуфт, ки шумораи овозхононе, ки мехоҳанд бо роҳандозии ин барномаи консертӣ ба Фаромӯз кӯмак кунанд, хеле зиёданд ва ҳатман бо ҳузури худ дар ин маҳфил, саҳми муносибе барои саломатии ин ҷавон хоҳанд гузошт.

Аз сӯи дигар ба таъкиди Аҳмадалӣ Тоҷиддинов, гурӯҳе аз расонаҳо низ ҷонибдории иттилоотии хешро эълом карданд ва бо таблиғу ташвиқи ин иқдом, ҷамъи кӯмаккунандагон аз миёни мардуми оддӣ низ хоҳад афзуд.

Зимнан, Фаромӯз 21 сол дошта, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст. Чанд соли пеш Фаромӯзро дарди гурдаҳо азият медод, аммо дар ниҳоят бемориаш бештар хуруҷ кард ва ҳамакнун ниёз ба ҷарроҳӣ дорад. Ин ҷарроҳӣ на дар Тоҷикистон, балки бояд дар шаҳри Маскави Русия анҷом бигирад ва барои ин амалиёт маблағи 25 ҳазор доллар зарур аст.

То кунун пайвандони Фаромӯз натавонистаанд, ин маблағро пайдо кунанд ва ба ширкату созмонҳо ва афроди хайрхоҳ муроҷиат кардаанд. Шумо низ хонандагони сомонаи РО метавонед ба Фаромӯз кӯмаки худро расонед.

Дар ин кори хайр метавонед бо шумораҳои телефони 917 73 19 81, 901 06 71 61, 901 00 08 31, 934 69 37 37 ва 501 00 00 18, дар тамос шавед.
XS
SM
MD
LG