Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров ба Покистон сафар кард


Имрӯз сафари дурӯзаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар Покистон шурӯъ шуд. Қарор аст, ӯ бо Алӣ Осиф Зардорӣ, раиси ҷумҳур ва Роҷа Парвиз Ашраф, нахуствазири Покистон, дидору мулоқот кунад. Шеваҳои ҳалли сиёсии ҷанг дар Афғонистон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ аз масъалаҳои асосии гуфтӯгуи онҳо будааст. Покистону Русия моҳи гузашта дар мавриди ҷалби Русия барои рушди арсаи энержӣ, нақлиёту кишоварзӣ ва мухобирот дар Покистон ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин ду тараф мехоҳанд, як корхонаи бузурги оҳангудозӣ дар шаҳри бандарии Карочии Покистонро навсозӣ кунанд, ки бо кӯмаки шӯравии собиқ бунёд шудааст.
XS
SM
MD
LG