Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои қавӣ шаҳри Ҳалабро такон дод


Бино ба гузоришҳо, бар асари ду таркиши қавӣ дар шаҳри Ҳалаби Сурия, даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Маркази нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар шаҳри Лондон қароргоҳ дорад, мегӯяд, ки инфиҷорҳо дар минтақаи таҳти назорати ҳукумат ба вуқӯъ пайвастаанд ва баъд аз он тирандозиҳои шадид низ сурат гирифтааст. Телевизиони давлатии Сурия аз вуқӯъи се таркиш дар шаҳри Ҳалаб гузориш дод ва онро кори дасти “террористон” хонд, ки ишора ба шуришиёнест, ки алайҳи режими Башшор Асад меҷанганд. Баъди саъйи шуришиёни Сурия барои ишғоли шаҳри Ҳалаб дар ҳафтаи гузашта, ҷангҳо дар ин шаҳри бузург ва қадимии Сурия авҷ гирифтааст. Ба гуфтаи мухолифони давлат, аз замони оғози қиёмҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар 18 моҳи пеш, то кунун бештар аз 30 ҳазор нафар дар Сурия кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG