Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хоҷа Насриддин ва панҷ зани ӯ" ба Тошканд рафт


Тоҳир Мамадризоев, сардори Раёсати кор бо театрҳои вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайати ҳунармандони Театри Маяковский ба манзури намоиши саҳнаи театрии "Хоҷа Насриддин ва панҷ зани ӯ" дар доираи баргузории сеюмин ҷашнвораи байналмилалии театрии «Theatre.UZ/2012», рӯзи 3-юми октябр ба Тошканд рафт. Интизор меравад, намоишномаи «Хоҷа Насриддин ва панҷ зани ӯ», як рӯз қабл аз анҷоми фестивал дар таърихи 6-уми октябр пешкаши тамошобинон гардад. Намоишнома ба қалами драматурги узбак Иброҳим Сиддиқов тааллуқ дошта, онро коргардони театри Узбакистон Олимҷон Салимов соли 2006 дар театри Маяковский ба саҳна гузоштааст. Ин намомшнома мазҳакавӣ буда ва аз пурбинандатарин саҳнаҳои театрӣ ба ҳисоб меравад.
XS
SM
MD
LG