Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон ва Туркманистон мухолифати худро ба сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар минтақа эълон кардаанд.

Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркманистгн пас аз музокироти дуҷониба дар Ишқобод, зимни як баёнияи муштарак, мухолифати худро ба сохтмони обанборҳои бузург дар минтақаи Осиёи Миёна эълон кардаанд.

Аз ҷумла раиси ҷумҳури Узбакистон зимни интиқод аз сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" гуфтааст, ки он дар маҳали зилзилахез бунёд мешавад, ки дар ҳолати сар задании заминҷунбӣ, ба амнияти минтақа таҳдид хоҳад кард. Аммо донишмандон иддаои мақомоти Узбакистон дар мавриди ба зилзилаҳо тобовар набудани Роғунро бепоя меноманд. Ба гуфтаи онҳо, иншоот дар қаламрави Тоҷикистон тибқи лоиҳаҳои муҳандисӣ, тавоноии то 9 бал заминларзаро доранд.

Расонаҳои хабарии ду кишвар бо такя ба шабакаи телевизониҳои давлатии Туркманистону Узбакистон, иттилоъ додаанд, ки зимни сафари расмии Ислом Каримов ба Ишқобод дар таърихи 2-юми октябр, сарони ду кишвар пешниҳод намудаанд, ки масоили марбут ба истифодаи захоири оби дарёҳои фаромарзӣ, тибқи санадҳои байналмилалӣ сурат гирифта ва манофеи кишварҳои минтақа ба инобат гирифта шавад.

Ҳарду кишвар ҳамчун узви Конвенсияи аврупоии Комисияи иқтисодии СММ оид ба ҳифзи дарёҳои фаромарзӣ аз соли 1992, таъкид кардаанд, ки "ҳеҷ ҷонибе наметавонад дар амри сохтмони нерӯгоҳҳои ҷадиди бузург, бидуни ризояти кишварҳои манфиатдор амал кунад."

Ба дунболи пахши баёнияи муштарак, президентҳои ҳарду кишвар дар нишасти хабарии худ таъкид кардаанд, ки дар масъалаи баҳрабардорӣ аз захоири обу энержӣ дар минтақа, ҷонибдори санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ мебошанд.

Аз ин қабл низ, дар авоили моҳи сентябри соли ҷорӣ, Ислом Каримов дар ҷараёни боздиди худ аз Қазоқистон таъкид карда буд, ки дар сохтмони ниругоҳҳои барқи обии Роғуни Тоҷикистон ва Қамбаротаи Қирғизистон расидагии байналмиллалӣ анҷом бигирад.

Ин баёнияҳои пурсарусдо дар ҳоле шунида мешаванд, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, сарнавишти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун ва масъалаи тақсими об дар Осиёи Марказиро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти Созмони Милал мегӯяд, дар ин мулоқот, ки рӯзи шанбеи баргузор шуд, ду тараф ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар баҳрабардорӣ аз захираҳои оби минтақа таъкид кардаанд.

Дар ин мулоқот Бан Ки Мун аз талошҳои Тоҷикистон барои мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ситоиш кардааст. Қабл аз ин аз ин мулоқот, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳаққи ҳалоли Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG