Пайвандҳои дастрасӣ

Иванишвилӣ истеъфои Саакашвилиро талаб мекунад


Бидзина Иванишвилӣ

Бидзина Иванишвилӣ

Миллиардери гурҷӣ Бидзина Иванишвилӣ, ки эътилофи Орзуи Гурҷистони ӯ дар интихоботи парлумонии 1 октябр ғолиб омад, гуфт, баъди шикасти ҳизбаш раисиҷумҳур Михеил Саакашвилӣ низ бояд истеъфо дода, роҳро барои интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ боз кунад. Бар асоси шумориши 90 дарсади оро, Орзуи Гурҷистон қариб 55 фоиз ва Ҷунбиши миллии Саакашвилӣ зери 40 фоиз раъй гирифтаанд. Саакашвилӣ дирӯз шикасти ҳизбашро эътироф кард.
XS
SM
MD
LG