Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози маъракаи "100 рӯз барои озодии Тоҷнет"


Расонаҳо ва маҳфилҳои хабарнигории Тоҷикистон дар Фейсбук маъракаи маърифатиеро таҳти унвони “100 рӯз барои озодии Тоҷнет” шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи мубтакирон, то 8 сентябр дар Тоҷикистон 50 сомонаи интернетӣ бо баҳонаҳои мухталиф баста шуд. Созмондиҳандагони маъракаи “100 рӯз барои озодӣ дар Тоҷнет” мегӯянд, ин "сайтбандон" ҳама бидуни қарори додгоҳҳо сурат гирифт, ки муноқиз ба қонунгузории Тоҷикистон ва табъан ғайриқонунист. Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ мехоҳанд акнун тавассути боло бурдани маърифат ва донишҳои интернетии мардум ба ин амали сайтбандии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нуқта гузоранд.
XS
SM
MD
LG