Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванишвилӣ хостори истеъфои Саакашвилӣ шуд


Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ, раҳбари эътилофи “Орзуи гурҷӣ”, ки бар пояи иттилои пешакӣ, дар интихоботи парлумонии Гурҷистон пирӯз шудааст, аз раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ даъват кард то ба истеъфо равад.

Аз ин пеш Михаил Саакашвилӣ эътироф кард, ки дар интихоботи парлумонии ахир эътилофи мухолифи “Орзуи гурҷӣ” пирӯз шудааст. Аз эътилофи таъсискардаи миллиардер Бидзина Иванишвилӣ беш аз 50 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Ҳизби “Ҷунбиши ягонаи милли”-и раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ тақрибан 40 дар сади овозҳоро соҳиб шудааст. Дигар аҳзоби сиёсӣ камтар аз 3 дар сади овозҳоро ба даст овардаанд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, Саакашвилӣ паём дод, ки мехоҳад ба Иванишвилӣ мақоми нахуствазирро пешниҳод кунад.

Айни ҳол Комиссиюни марказии интихоботии Гурҷистон ҳисобу китоби баргаҳои раъйдиҳиро идома медиҳад.

Барои 150 курсии парлумон номзадҳо аз 16 ҳизб талош карданд. Ҳизбе, ки бештари мандатҳои парлумонро соҳиб мешавад, баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 соҳиби қудрат дар Гурҷистон хоҳад шуд, зеро бар пояи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ Гурҷистон ба ҷумҳурии парлумонӣ табдил меёбад.
XS
SM
MD
LG