Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳроб Қурбонов барандаи Ҷоизаи ба номи Пластов шуд


Сӯҳроб Қурбонов

Сӯҳроб Қурбонов

Сӯҳроб Қурбонов, раиси пешини Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, бо Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пластов сарфароз шудааст.

Ин ҷоиза ҳар сол ба беҳтарин рассомони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) аз сӯи коммиссияи вижа, ки 25 тан аз рассомону наққошони варзида шомили он ҳастанд, тақдим мегардад.

Сӯҳроб Қурбонов, раиси собиқи Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон, ҳамроҳ бо се тани дигар аз рассомони дигари собиқ Шӯравӣ дар ҷараёни баргузории намоишгоҳе ба ин муносибат дар шаҳри Уляновск соҳиби Ҷоизаи байналмилалии Пластов шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин ҷоизаро, ки сатҳи байналмилалӣ дорад ва ба ифтихори рассоми саршиноси рус, академик ва қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин шудааст, барои хадамоти шоён дар рушди санъати тасвирӣ ва зебоиофарӣ дарёфт кардам."

Аркадий Пластов, зодаи шаҳри Уляновск аз рассомони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки унвони қаҳрамони СССР ва академики санъати рассомиро соҳиб шуда буд. Маблағи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пластов як миллион рубли русӣ ё муодили 30 ҳазор доллари амрикоист.

Дар миёни осори пешниҳодии Сӯҳроб Қурбонов наққошие аз достони "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ низ будааст, ки таҷассумгари фарҳанги миллии тоҷик аст. Сӯҳроб Қурбонов барои ин асари тасвирӣ соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ шуда буд.

Соҳиби Ҷоизаи байналмилалии Пластов шудани Сӯҳроб Қурбонов дар ҳолест, ки чанд моҳе пеш ин рассоми саршиноси тоҷик ба узвияти фаъоли Академияи бадеии Украина интихоб гардид. Вай ҳамчунин то кунун узвияти Академияи бадеиии Русия ва Қирғизистонро дошт ва профессори фахрии Институти бадеии Шонгҳой ва чанде дигар аз муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ аст.

Зимнан, дар оғози соли ҷорӣ Сӯҳроб Қурбонов зери фишори гурӯҳе аз рассомон аз мақоми раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон канор рафт ва хаиран дар Анҷумани ин созмон Фаррух Хоҷаев, узви раёсати Иттифоқи рассомон, ҷойгузини ӯ гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG