Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 6 нафар дар робита ба суқути киштӣ дар Ҳонконг


Мақомоти Ҳонконг дар робита ба суқути ду киштӣ дар баҳр шаш тан аз сарнишинҳои киштиҳоро боздошт карданд.

Бар асари ба ҳам бархӯрдани киштиии мусофирбар ва пароми боркаш 37 нафар ба ҳалокат расида, беш аз сад тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин ҳодиса чун “сангинтарин фоҷиаи баҳрӣ” дар таърихи кишвар дар даҳ соли ахир арзёбӣ шудааст.

Қурбониёни ҳодиса барои тамошои оташбозӣ бахшида ба иди миллии Ҳонконг ба ҷазираи Ламма мерафтанд. Дар ин ҳодиса кормандони ширкати энерҷӣ ва аҳли хонаводаи онҳо ҷон бохтаанд.

Бар пояи хабарҳо, баъд аз бархӯрд пароми боркаш барои кӯмак ба киштии мусофирбар таваққуф накарда ва ҳаракатро идома додааст.
XS
SM
MD
LG