Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Панҷшер” - пешсафи мусобиқаи Лигаи аввали Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бозиҳои даври 19-уми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Пешсафи ҷадвали мусобиқот - "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки дар ноҳияи Файзобод бар дастаи мизбон - “Файзобод” бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, бо 47 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа устувор намуд.

Дастаи “Ситора”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар шаҳри Душанбе бар тими мизбон – СКИФ (Бошгоҳи варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, бо 42 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бозиро дар меҳмонӣ бо тими “Ҳулбук”-и Восеъ бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом дод, бо 39 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври 19-ум:

“Ҳулбук” (Восеъ) - “Кӯктош” (Рӯдакӣ) – 2-2
“Бохтар” (Бохтар) - «Сабо» (Шаҳринав) – 3-0 (техникӣ)
«Барқ» (Норак) - «Локомотив” (Душанбе) – 3-0 (техникӣ)
“Пахтакор” (Қабодиён) - “Самар” (Восеъ) – 0:3 (техникӣ)
«Ситора» (Рӯдакӣ) – СКИФ (Душанбе) - 3 - 0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Панҷшер" (Румӣ)

18

15

2

1

68-24

47

2.

итора" (Рӯдакӣ)

18

14

0

4

33-12

42

3.

Кӯктош” (Рӯдакӣ)

17

12

3

2

33-13

39

4.

"Саройкамар" (Панҷ)

17

12

1

4

48-22

37

5.

"Ҳулбук" (Восеъ)

17

12

1

4

45-22

37

6.

"Бохтар” (Бохтар)

17

10

3

4

36-21

33

7.

"Самар” (Восеъ)

18

8

4

6

33-24

28

8.

"Сабо" (Шаҳринав)

17

5

1

11

25-36

16

9.

"Барқ” (Норак)

18

4

1

13

20-45

13

10.

“Пахтакор” (Қабодиён)

18

3

3

12

16-31

12

11.

"Локомотив” (Душанбе)

18

2

1

15

14-53

7

12.

СКИФ (Душанбе)

17

1

4

12

16-47

7

13.

Файзобод

18

2

0

16

15-52

6


Голзанҳои беҳтарин: Наим Каримов), Абдуҳалим Боронов (ҳарду - “Панҷшер”) - 16 - тӯбӣ, Саймурод Юнусов (“Панҷшер”), Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 10 - тӯбӣ.

Даври 20-ум
6-уми октябр, шанбе
Оғози бозиҳо – соати 16.00

«Ситора» - «Пахтакор»
«Файзобод» - «Самар»
«Панҷшер» - «Барқ»
«Саройкамар» - «Бохтар»
«Сабо» - «Ҳулбук»
СКИФ - «Кӯктош»

Эзоҳ: дастаҳои “Сабо”-и Шаҳринав, “Локомотив”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қабодиён аз мусобиқа хориҷ шудаанд. Рақибони онҳо дар бозиҳои оянда бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG