Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони ҳиҷобдори қазоқ ба мактаб роҳ намеёбанд


Раҳбари яке аз мактабҳои вилояти Атирауи Қазоқистон монеи ҳузури духтарони ҳиҷобдор дар дарсҳо шудааст.

Гурӯҳе аз волидони муҳассилини мактаби рақами 2 дар вилояти Атирауи Қазоқистон аз он шикоят кардаанд, ки раҳбари мактаб намегузорад, духтарони ҳиҷобдор дар дарсҳо иштирок кунанд. Айсулу Юсуфова, яке аз ин волидон аст, ки мегӯяд, духтараш дар синфи панҷум мехонад, аммо наметавонад бо рӯсарӣ ба мактаб ояд.

Ӯ афзуд, "рӯзи якуми сентябр мисли ҳамаи волидон духтарамро ба мактаб бурдам. Вай дар сараш рӯсарӣ дошт. Аммо раҳбари мактаб дағалона рӯсарии ӯро аз сараш гирифт ва духтарам дар назди ҳамсинфонаш хиҷолатзада шуд. Вай хеле гиря кард..."

Баъд аз ин ҳодиса, Айсулу ба додситонии вилояти Атирауи Қазоқистон ва департаменти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон барои ҳимояи ҳуқуқи духтараш муроҷиат кардааст. "Ману духтарам анъанаҳои исломиро риоя мекунем. Ҳоло синни духтарам ба ҷое расида, ки бояд рӯсарӣ гирад. Аз рӯи Қонуни асосӣ бошад, вай ҳақ дорад, таҳсил кунад ва ҳам аз дине пайравӣ намояд, ки онро худ интихоб кардааст",-мегӯяд, Айсулу Юсуфова

Аммо раҳбари мактаби рақами 2-и Атируи Қазоқистон, Венера Миденова, гуфт, даҳ сол боз дар ин мактаб фаъолият дорад ва аз волидон танҳо риояи низомномаи мактабро талаб мекунад, на чизе бештар аз он. Ӯ афзуд, "бояд ҳамаи муҳассилин қоидаи либоси ягонаро рияо намоянд. Дар мо чунин қоида аст ва ин қоида қаблан бо волидон маслиҳат шудааст."

Ба қавли Венера Миденова, аксар волидони муҳассилини ин мактаб пайраи дини мубини Исломанд, аммо риояи мактаб барои ҳама яксон аст.

Имоми масҷиди марказии Атирау мегӯяд, ба унвони як диндор наметавонад духтаронро аз ҳиҷобу рӯсарӣ гирифтан боздорад. Аз ин рӯ, гуфт, бояд ин масъаларо вазорати маориф ва вазорати адлия ҳал кунанд.

Чанд соли охир аст, ки дар манотиқи Қазоқистон мавзӯи рӯсарӣ ва ҳиҷоби духтарон, бахусус дар мактабҳову донишгоҳҳо рӯ мезанад. Тоҷикистон ҳам дар чанд соли пеш низомномаи либоси ягона дар мактабҳоро тасдиқ карда, пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ дар дарсҳоро мамнӯъ донист.
XS
SM
MD
LG