Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрдҳо дар Сурия 160 кас кушта шуданд


Бар асари даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ шабонарӯзи ахир тақрибан 160 нафар, аз ҷумла 110 сокини осоишта, ба ҳалокат расиданд. Бар пояи иттилои Маркази назорати риояи ҳуқуқи башар, мақараш дар Лондон, дар шаҳри Ҳалаб даҳҳо нафар, аз ҷумла, кӯдакон ҳадафи тир қарор гирифтанд. Айни ҳол даргириҳо дар атрофи бозори қадимаи шаҳр идома доранд.

Дар вилояти Ҳумс 18 сарбози ҳукуматӣ, ки ба муҳосира афтода буданд, кушта шуданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамчунин маҳаллаҳои шаҳрҳои Ҳома ва Даръоро тирборон карданд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар мулоқот бо Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, режими Башор Асадро барои идомаи хушунат ва поймолсозии оммавии ҳуқуқи башар танқид кард. Аз ин пеш Ал-Муаллим дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ, кишварҳои арабӣ ва Ғарбро дар пуштибонии мустақими ошӯбгарон, ки онҳоро “террорист” мехонанд, айбдор намуд.
XS
SM
MD
LG