Пайвандҳои дастрасӣ

Дар интихоботи Гурҷистон мухолифон пешсафанд


Ҳизби мухолифи “Орзуи гурҷӣ” дар интихоботи парлумонии Гурҷистон пешсаф аст. Раъйдиҳӣ рӯзи душанбе, 1 октябр баргузор шуд. Бар пояи иттилои пешакӣ, баъд аз баршумурдани 20 дар сади раъйҳо ин ҳизб тақрибан 53 дар сади овозҳоро соҳиб шудааст. Аз ҳизби ҳукмрони “Ҷунбиши ягонаи миллӣ” ҳудуди 42 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ караанд.

Шаби гузашта раиси Комиссиюни марказии интихоботӣ Зураб Хариташвилӣ зимни муаррифии натоиҷи аввали раъйдиҳӣ хабар дод, ки комиссиюн бо мушкили компютерӣ мувоҷеҳ шуд. Ин мушкилро ӯ бо ҳамлаи хакерҳо ба сомонаи интернетии Комиссиюни марказии интихоботӣ рабт дод. Аммо баъдан кормандони КМИ хабар доданд, ки мушкил бар асари ба карат боло рафтани шумораи корбарандагони интернет ба миён омадааст.

Аз ин пеш Зураб Хариташвилӣ изҳор намуд, ки натоиҷи раъйдиҳӣ дар бархе аз қитъаҳои интихоботии шаҳри Хашурӣ шояд лағв карда шавад. Дар ин шаҳр миёни кормандони полис ва сокинони маҳаллӣ бархӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он дасти кам шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Навори парокандасозии мардум аз сӯи полисро шабакаи телевизионии мухолифи ҳукумат “Маэстро” намоиш дод.
XS
SM
MD
LG