Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар марз бо вилояти Бодканди Қирғизистон барои қочоқи маводи сӯхт боздошт шудаанд.

Мақомоти интизомии Қирғизистон чанде аз сокинони Тоҷикистонро барои қочоқи маводи сӯхт дар вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Исфара, боздошт кардаанд. Баъзе хабаргузориҳои Қирғизистон бо такя ба манобеи Вазорати умури дохилии ин кишвар гуфтаанд, афроди боздоштшуда барои 14,4 ҳазор литр маводи сӯхт, ки мехостанд ба Тоҷикистон интиқол диҳанд, ҳуҷҷат надоштанд. Айни ҳол таҳқиқи ин ҳодиса ҷараён дорад.

Саидҷон Эратов, муовини губернатори вилояти Бодканди Қирғизистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодисаи ягонаи қочоқи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба шимоли Тоҷикистон нест. “Хатти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шаффоф аст, аз ин рӯ, ҳар ду ҷониб аз содироту воридоти молҳои кочоқӣ эмин нестанд”,-афзуд мусоҳиби мо. Ҷаноби Эратов илова кард, дар қочоқи бензину салярка гурӯҳҳои тоҷику қирғиз даст доранд ва онҳоро “фоидаи шахсӣ” ба ҳам овардааст. Русия барои ҳар тонна бензини содиротии худ ба Тоҷикистон ҳудуди 370 доллар боҷи гумрукӣ мегирад, аммо барои Қирғизистон сӯзишвории нақлиётиро бидуни боҷ ва ҳам бо нархи арзонтар мефурӯшад.

Гурӯҳҳои қочоқбар аз фурӯши бензини воридотии Қирғизистон дар Тоҷикистон фоидаи хубе ба даст меоранд. Барои мисол, як литр бензине, ки дар Бишкек 3 сомониву 20 дирам ва дар Бодканд 4 сомониву 20 дирам нарх дорад, дар Суғд бо арзиши зери 6 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Ба таъкиди муовини губернатори Бодканд, сокинони ноҳияҳои наздимарзии Бодканду Лайлак дар навбати худ молҳои мавриди ниёзашон, аз ҷумла орду шакарро аз бозорҳои Суғд бидуни пардохти ҳеҷ гуна боҷи гумрукӣ ворид мекунанд.


Як сокини деҳаи Аркаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд, бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, бензинфурӯшиҳои ин маҳалҳо дар ду канори роҳи як шоҳроҳ ҷойгиранд ва дар ҷониби Қирғизистон арзиши бензини навъи 92 - 4 сомониву 90 дирам аст, дар ҷониби Cуғд ҳамин навъи бензин ҳудуди 5 сомониву 80 дирам нарх дорад.

Ба иттилои манобеъ аз Раёсати гумруки Тоҷикистон дар вилояти Суғд, кормандони ин ниҳод дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1 ҳазор тонна сӯзишвории қочоқиро, ки аз вилояти Бодканд ба Суғд ворид мегашт, ошкор ва қочоқгаронро ҷарима бастаанд. Раҳмонқул Раҳимов, муовини раёсати мазкур, дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "То сарҳад бензину саляркаро қирғизҳо меоранд, дар хатти марз қочоқгарони тоҷик аз онҳо мегиранд. Баъзан қочоқгарони тоҷик ҳам аз Қирғизистон ворид мекунанд, дар ин гуна ҳолатҳо бархеро мақомоти қирғиз боздошт мекунанд. Мо пеши роҳи қочоқи умумиро гирифтаем, аммо ба сабаби боз будани хатти сарҳад қочоқи маводи нафтӣ ба кундӣ давом мекунад."


Ба таъкиди манобеъ аз Раёсати гумруки Суғд, сӯзишвории нақлиётие, ки бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ворид мешавад, чор - панҷ бор камтар аз онест, ки ширкатҳои бензинфурӯшии Тоҷикистон аз Русияву Қазоқистон ба минтақаи шимолии кишвар расман ворид мекунанд. Бо ин ҳам бензини “қирғизӣ” ба бозорҳои Суғд таъсир гузоштааст ва маъмулан нархи бензин дар шимоли Тоҷикистон назар ба Душанбеву минтақаҳои дигари ҷануби кишвар 40-50 дирам арзонтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG