Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксар соҳибкорони Тоҷикистон интизор доранд, ки қонуни нави андоз ҳуқуқи онҳоро бо соҳибкорони имтиёздор ё худ "баргузидаҳо" баробар мекунад.

Тарҳи деринтизори қонуни нави молиёт ё андоз аз тарафи порлумон тасвиб ва аз сӯи раисиҷумҳур имзо шуд, ки ба гуфтаи таҳиягаронаш аз қонуни пешина фарқи ҷиддӣ дорад. Ба қавли онҳо, дар қонуни нав гузоришҳои солонаи соҳибкорон ба идораҳои давлатӣ соддатар ва теъдоде аз молиёт низ ихтисор шудаанд.

Ҷомеаи соҳибкорони Тоҷикистон аз қонуни нави андоз умедвории зиёд доранд ва ҳамчунин интизор доранд, шароити нав ҳуқуқи онҳоро бо соҳибкорони имтиёздор ё “баргузидаҳо” баробар кунад. Ҳоло дар кишвар чанд ширкат кору фаъолият мекунанд, ки аз бори молиёт (андоз) озоданд. Ба рӯйхати “баргузидаҳо” чанд ширкате шомил аст, ки исми раҳбарони онҳо пинҳон дошта мешавад ва ё нафароне раҳбар муаррифӣ мешаванд, ки вуҷуд надоранд.

Ҳоло ташвиқу пуштибонӣ аз манофеи ширкатҳои алоҳида тавассути порлумон дар Тоҷикистон ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил шудааст. Дар бисёр ҳолат, ҳукумат қарори худро дар бораи имтиёзи молиётӣ барои ширкатҳои алоҳида бо он асоснок мекунад, ки ин ширкатҳо бо корҳои муҳим машғуланд ва ё маҳсулоти ҳаётан муҳим истеҳсол мекунанд.

Аммо иқтисоддонҳои Тоҷикистон комилан мухолифи ин нуқтаи назаранд. Онҳо мегӯянд, ин чизе бештар аз судҷӯӣ ва тарғиби манфиати бизнесҳо ва ширкатҳои алоҳида нест. Ин тамоюл, ба бовари онҳо, талаби аслии иқтисоди бозаргонӣ, яъне рақобати солими бизнесҳоро, зери суол мебарад.

Ҳоло ширкати IRS, ки роҳи Душанбе-Чаноқро пулакӣ кардаасту соҳиби аслияш маълум нест; ширкати “Тоҷирон”, ки дар Ҳисор корхонаи металлургӣ бунёд мекунад; корхонаи сементи Ёвон ва аз ҳама имтиёзбарандаи қадимии кишвар - “Талко” аз имтиёзи молӣ бархӯрдоранд. Ахиран порлумони Тоҷикистон ширкати "Осиё Экспресс"-ро, ки автобусҳои нави олмонӣ ворид мекунад, аз андози воридотӣ ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG