Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

25 узви дастаи "Равшан" ба сафи ҲХДТ пайвастанд


Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб

Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб

Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб аз нахустин дастаҳои футболи кишвар аст, ки аъзоёнаш ба қавле «ихтиёран» ба сафи Ҳизби ҳоким пайвастанд.

Дар як ҷаласаи хос, ба 25 нафар бозингарон ва кормандони ин дастаи футбол билети ҳизбӣ супурда шуд. Зулайхо Ҳақназарова, сарвари ҲХДТ дар Кӯлоб мегӯяд, аризаҳои аъзоёни ин даста ҳанӯз се моҳ пеш ба дасти онҳо расида буд, вале пас аз «омӯзиши ҳаматарафа» акнун, хоҳишашонро иҷро карданд.

Ӯ гуфт: «Бо онҳо сӯҳбатҳои хосаи алоҳида доштем ва чуноне шоҳид будед, ҳоло онҳо аъзои ҳизби мо шуданд. Акнун, аз ин пас ташкилоти ибтидоии "Равшан"-Кӯлоб фаъолияти худро оғоз кард. Барои ҳар шахсе, ки хоҳиши аъзои Ҳизби халқӣ-демократӣ шудан дорад ва аз омӯзиш гузашта, аъзои ин ҳизб мешавад, ба фикри ман, ин боиси ифтихор аст».

Зулайхо Ҳақназарова, раиси ҲХДТ дар Кӯлоб.

Зулайхо Ҳақназарова, раиси ҲХДТ дар Кӯлоб.

Аъзоёни ин даста ҳангоми сӯҳбат изҳор доштанд, ки бо хоҳиши худ ба сафи ин ҳизб пайвастанд. Фаррухи Ҷӯрахон, яке аз бозингарони дастаи «Равшан» гуфт, раҳбари даста барояшон барномаи ҳизб ва ҳадафҳои онро фаҳмонид, ки ба ҳамаашон писанд омадааст: «Ҳамин суханҳои неки онҳоро фаҳмида, тарафдори ҳизб шудем. Ҳизби халқӣ-демократӣ орзуҳои моро бароварда месозад ва озодии рафторро низ ваъда кардааст. Ҳамин барои мо маъқул шуд».

Аммо коршиносон тасмими ҷалби аъзоёни ин дастаи сермухлиси футбол ба сафи ҳизби ҳокимро чораҳои пешазинтихоботӣ медонанд, ки барои ба даст овардани дили мухлисони ин даста гирифта шудааст. Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан» мегӯяд, шомил шудан ба Ҳизби халқӣ-демократӣ имкон медиҳад, ки озодона аз номзади арзандаи ин ҳизб дар интихобот бо ҳамроҳи мухлисон пуштибонӣ кунанд: «Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҳамаи соҳаҳо худро хуб нишон дода истодааст. Бовар дорам, ки дар интихоботи оянда ин ҳизб сарбаланд мешавад. Мо ҳам барои сарбаландии ин ҳизб саҳми худро мегузорем.»

Назари мухлисон ба ин иқдоми аъзоёни дастаи «Равшан» гуногун аст. Сӯҳбатҳо нишон дод, ки барои бархе ҳизбияти бозингарон фарқе надорад, балки муҳим бозии онҳо ҳаст. Аммо Фурқат Салимов, як мухлиси ин даста мегӯяд, беҳтар он буд, ки бозингарон беҳизб боқӣ мемонданд. Ба гуфтаи ӯ, акнун назари ҳаводорони ин даста, ки пайрави дигар ҳизб буданд, нисбат ба онҳо тағийр меёбад: «Бе ҳизб будани онҳо хуб буд, ки ҳама онҳоро тарафдорӣ мекард, хоҳ наҳзатӣ буд ва хоҳ коммунист. Акнун, назари баъзе мухлисон шояд дигар шавад ва бурду бохти онҳоро дигар ба як ҳизб мансуб донанд».

Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки сарварии онро Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар Фаррух Ҷӯрахон, як бозигари ин даста мегӯяд, аҳдофи ин ҳизб барои онҳо писанд омадааст.

Фаррух Ҷӯрахон, як бозигари ин даста мегӯяд, аҳдофи ин ҳизб барои онҳо писанд омадааст.

ар дӯш дорад, расман аз ҳама ҳизбҳои дигар аъзои бештар дорад. Соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва коршиносон фаъол шудани ин ҳизбро ба интихоботи соли оянда рабт медиҳанд, ки зоҳиран бо пешниҳоди дубораи Эмомалӣ Раҳмон ба маснади президентӣ, дар интихобот иштирок меварзад.

Дастаи "Равшан" аз сермухлистарин дастаҳои футбол дар Тоҷикистон аст, ки айни ҳол дар сабқати Лигаи олии кишвар дар мақоми дувум қарор дорад ва барои унвони қаҳрамонӣ талош мекунад. Соли гузашта ин дастаро “Агроинвестбонк” маблағгузорӣ мекард, аммо пас аз боздошти Сафармад Рустамов, ба қавле мухлиси ашадии ин даста ва эътирози мухлисони он, ин бонк аз маблағгузорӣ даст кашид.

Гуфта мешавад, сарпарастии "Равшан"-ро акнун домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Муҳамммадзоҳир Соҳибов - молики ширкати "Фароз" ва бозори "Ҳоҷӣ Шариф"-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба ӯҳда гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG