Пайвандҳои дастрасӣ

"ИМА ва муттаҳидонаш аз терроризм ҳимоят мекунанд"


Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия

Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия

Вазири умури хориҷии Сурия Амрико ва муттаҳидонашро ба пуштибонӣ аз "терроризм" дар кишвараш муттаҳам кард.

Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, рӯзи душанбе зимни суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфтааст, муваффақияти ҳар талоше барои ҳаллу фасли мусолиматомези бӯҳрони Сурия, маҷбур кардани Туркия, Арабистони Саудӣ ва Қатар барои мутаваққиф кардани пуштибонияшон аз "гурӯҳҳои мусаллаҳ" дар Сурия аст.

Ӯ дар суханронии худ афзудааст, бархе аз кишварҳои узви Шӯрои Амнияти СММ аз "терроризм" дар Сурия ҳимоят мекунанд. "Суханони мақомҳои қатарӣ, саудӣ, турк, амрикоӣ ва фаронсавӣ таҳрикомез аст ва ба таври ошкор аз терроризм дар Сурия бо пул, аслиҳа ва фиристодани афроди мусаллаҳи хориҷӣ ҳимоят мекунанд. Ин рафторҳо бо масъулияти байналмилалии ин кишварҳо дар мубориза бо терроризм то чӣ андоза созгор аст?",-таъкид доштааст Валид Муаллим.

Вазири умури хориҷии Сурия гуфта, ки дар ҳоли ҳозир кишвараш бо терроризми ҳимоятшуда аз хориҷ рӯбарӯст. Ӯ бо ишора ба дархостҳое, ки барои канорагии Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия аз қудрат матраҳ шудааст, гуфт: "Аз ҳамин минбар суханоне шунидам, ки ҳикоят аз ҷаҳл ба ҳақиқат ё нодида гирифтани он мекунад. Онҳо аз раисиҷумҳур мехоҳанд канорагирӣ кунад, ки ин дахолате ошкор дар умури дохилии Сурия аст."

Аз сӯи дигар, Валид Муаллим дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии "Ал-маёдин", ки рӯзи душанбе пахш шуд, Амрикоро муттаҳам кард, ки бо пеш кашидани мавзӯи силоҳи кимиёвии Сурия, дар ҳоли заминасозӣ барои ҳамлаи низомӣ ба ин кишвар аст. Муаллим гуфт: "Ин мавзӯъ (силоҳҳои ҳастаӣ ) сохтаи зеҳни идораи Амрико аст… ин суханони беҳудае, ки сохтаанд, барои ҳамла бар Сурия аст. Монанди ҳамон коре, ки бо Ироқ карданд."

Ҷаноби Муаллим дар мусоҳибаи худ ба таври рӯшан нагуфт, оё Сурия силоҳҳои кимиёвӣ дорад, ё на. Ин дар ҳолест, ки вазорати умури хориҷии Сурия дар баёнияе, ки ҳудуди ду моҳ пеш содир карда буд, вуҷуди ин силоҳҳоро тасдиқ кард. Леон Панетта, вазири дифои Амрико, се рӯз пеш гуфта буд, давлати Сурия бахше аз анборҳои аслиҳаи кимиёвии худро ба маҳалли амнтар бурдааст.

Амрико дар соли 2003 дар раҳбарии эътилофи байналмилалӣ қарор гирифта буд, ки бо ҳамла ба Ироқ, режими Саддом Ҳусейн, раисиҷумҳури пешини ин кишварро сарнагун кард. Ироқ муттаҳам ба доштани аслиҳаи кимиёвӣ шуда буд. Аслиҳае, ки дар ин кишвар ҳеҷ вақт ёфт нашуд.
XS
SM
MD
LG