Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии эътилофи Иванишвилӣ дар интихобот


Иванишвилӣ дар ҷамъи тарафдоронаш дар Тифлис.
Иванишвилӣ дар ҷамъи тарафдоронаш дар Тифлис.
Куммисиюни интихоботи Гурҷистон гуфт, шумориши орои 6 дарсади ҳавзаҳо ҳокист, ки аз рӯйхатҳои ҳизбӣ Орзуи Гурҷистони Бидзина Иванишвилӣ 56,1 фоиз ва ҳизби ҳокими Ҷунбиши миллии раисиҷумҳур Михеил Саакашвилӣ 39,4 фоиз раъй ба даст овардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар ду рақиби аслӣ даъвои пирӯзӣ дар интихоботи парлумонии 1 октябрро доранд. Шабакаи хусусии Имедӣ ТВ қаблан гуфт, ки Орзуи Гурҷистон ҳудуди 50 дарсад ва Ҷунбиши миллӣ ҳудуди 40 дарсад раъй гирифтаанд. Натоиҷи экзит-полли телевизиони ҷамъиятӣ ба ҳарду гурӯҳ 33 дарсадӣ нисбат дода буд. Саакашвилӣ гуфт, Иванишвилӣ кишварро аз Ғарб ҷудо карда, дубора ба мадори Маскав хоҳад овард. Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен дар Брюссел ин интихобот “имтиҳони роҳи демократии Гурҷистон” ба қалам дод.
XS
SM
MD
LG