Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамоси телефонии Панетта бо ду вазири афғон


Леон Панетта
Леон Панетта
Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта бо вузарои дифоъ ва умури дохилаи Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Ғулом Муҷтабо Патанг гуфтугӯи телефонӣ дошт. Ин нахустин тамоси Панетта бо Бисмиллоҳхон ва Патанг баъди интисоби онҳо ба ин ду мақоми калидист ва дар ҳоле сурат мегирад, ки дирӯз дар як таркиши маргталабона дар шарқи Афғонистон 14 нафар, бо шумули 3 сарбози НАТО ва 4 пулис, кушта шуданд. Волии Хуст Абдулҷаббор Наимӣ гуфт, дар ин ҳамла дар маркази вилоят 37 нафари мулкӣ ҷароҳат бардоштаанд. Масъулияти бомбгузориро Толибони Афғонистон бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG