Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико уфти қурби риёлро комёбии таҳримот хонд


Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, беқурбшавии пули Эрон комёбии таҳримоти байналмилалиро намоиш медиҳад. Ин ниҳод гуфт, таҳримоте, ки қатъи барномаи ҳастаии Теҳронро ба ҳадаф дошт, “ҳарчӣ амиқтару амиқтар” ба иқтисоди Эрон асар мекунад. Қурби риёли Эрон дар баробари доллар фақат дирӯз дастикам 7 дарсади дигар коҳиш ёфта, ба 32 250 риёл барои ҳар доллар расид. Танҳо дар як ҳафтаи охир қурби риёл 25 фоиз кам шуд. Аммо Эрон хабарҳо дар бораи уфти навбатии қурби риёлро билофосила баъди нашраш сонсур кардааст.
XS
SM
MD
LG