Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наворбардори Аҳмадинажод аз Амрико барнагашт


Гулханбон бо дастгоҳи наворбардорӣ
Гулханбон бо дастгоҳи наворбардорӣ
Як наворбардор аз ҳайъате, ки ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба манзури ширкат дар Маҷмаъи умумии СММ ба Ню-Йорк омада буд, дар Амрико мондааст. Пол ОДвайер, вакили мудофеъи Ҳасан Гулханбон таъйид кард, ки муваккили ӯ аз Амрико паноҳандагӣ меҷӯяд. Ӯ гуфт, зану фарзандони Гулханбон низ тарки Эрон кардаанд, вале ӯ маҳалли будубоши онҳоро ҳанӯз ошкор карда наметавонад. Баррасии масъалаи паноҳандагии ин наворбардори эронӣ, ба гуфтаи вакилаш, метавонад то 6 моҳро дар бар бигирад.
XS
SM
MD
LG