Пайвандҳои дастрасӣ

Куммисиюни интихоботи Гурҷистон гуфт, шумориши орои 6 дарсади ҳавзаҳо ҳокист, ки аз рӯйхатҳои ҳизбӣ Орзуи Гурҷистони Бидзина Иванишвилӣ 56,1 фоиз ва ҳизби ҳокими Ҷунбиши миллии раисиҷумҳур Михеил Саакашвилӣ 39,4 фоиз раъй ба даст овардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар ду рақиби аслӣ даъвои пирӯзӣ дар интихоботи парлумонии 1 октябрро доранд. Шабакаи хусусии Имедӣ ТВ қаблан гуфт, ки Орзуи Гурҷистон ҳудуди 50 дарсад ва Ҷунбиши миллӣ ҳудуди 40 дарсад раъй гирифтаанд. Натоиҷи экзит-полли телевизиони ҷамъиятӣ ба ҳарду гурӯҳ 33 дарсадӣ нисбат дода буд.

Рақобати аслӣдар интихоботи рӯзи 1 октябри 150 курсии парлумони Гурҷистон, тавре ҳам ки интизор мерафт, байни ҳизби ҳокими Ҷунбиши миллии раиси ин ҷумҳурӣ Михеил Саакашвилӣ ва эътилофи Орзуи Гурҷистони миллиардер Бидзина Иванишвилӣ ҷараён гирифт.

Натоиҷи муқаддамотии интихоботи парлумонии Гурҷистон фақат то чанд рӯзи дигар нашр хоҳад шуд. Аммо мухолифин алакай аз шоми душанбе ба кӯчаҳои Тифлис рехта, ба таҷлили пирӯзии худ шурӯъ кардаанд.


Саакашвилӣ баъди раъйдиҳӣ

Саакашвилӣ баъди раъйдиҳӣ

Саакашвилӣ ҳам пирӯзии мухолифин дар сабқати байни аҳзобро эътироф кард, вале гуфт, ҳизби ӯ дар ҳавзаҳо хеле пешгомтар аст. 77 вакили парлумони Гурҷистон аз рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 73 вакили дигараш мустақиман аз ҳавзаҳо интихоб мешаванд.

Саакашвилӣ дар натиҷаи инқилоби садбаргҳои соли 2003 ба қудрат расид ва Гурҷистонро аз Русия ҷудо ва ба Ғарб наздик кард. Ӯ дирӯз баъди раъйдиҳӣ гуфт, дар паллаи тарозуи ин интихобот чизҳои хеле муҳим гузошта шудаанд: “Дар ин лаҳазот дар кишвари мо чизҳои зиёд ҳалл мешаванд. Ва ин барои рушду ояндаи фақат кишвари мо нест, балки бармегардад ба ин ки оё сарнавишти орзуҳои Аврупо дар ин бахши дунё, сарнавишти демократия дар ин бахши дунё ва сарнавишти ислоҳот дар ин бахши дунё чӣ хоҳад шуд?”

Саакашвилӣ гуфт, Иванишвилӣ кишварро аз Ғарб ҷудо карда, дубора ба мадори Маскав хоҳад овард. Иддаое ки рақиби ӯ радд мекунад. Миллиардери гурҷӣ гуфт, ӯ ҳаракати Гурҷистон ба сӯи расидан ба аҳдофи стротегиаш – пайвастан ба НАТО ва Аврупоро идома хоҳад дод, вале ҳамзамон дар пайи беҳбуди равобит бо Русия ҳам хоҳад шуд. Равобити Тифлису Маскав дар пайи ҷанги кӯтоҳи соли 2008 ва аз даст рафтани ҳарду вилояти ҷудоихоҳи Гурҷистон –Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон – хароб шудааст.


Иванишвилӣ бо тарафдоронаш алакай ба таҷлили пирӯзӣ шурӯъ кардаанд

Иванишвилӣ бо тарафдоронаш алакай ба таҷлили пирӯзӣ шурӯъ кардаанд

Иванишвилӣ гуфт, ӯ дар сурати пирӯзӣ “ба нафъи мардум” кор хоҳад кард: "Мо як тиме ҳастем, ки Шумо метавонед эътимодаш кунед. Мо тиме ҳастем, ки қудратро ба даст оварда онро ба хотири беҳбуди мардум истифода хоҳем кард. Мо бояд дар интихобот пирӯз шавем."

Дар Ғарб интихоботи Гурҷистонро бо таваҷҷӯҳ назорра мекунанд. Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен дар Брюссел ин интихоботро “имтиҳони роҳи демократии Гурҷистон” номид. Сафири Амрико дар Тифлис Ричард Норланд ба баргузории интихоботи ором даъват кард. Мухолифин аз таъқиби густардаи фаъолонаш дар корзори пешазинтихоботӣ шикоят мекунанд ва нозирони САҲА ҳам ба сурати умум ин корзорро “пурихтилоф ва дағал” номидаанд. Вале баҳои муқаддамотии нозирони ин созмон ба интихоботи Гурҷистон имрӯз эълон хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG