Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 октябр - Рӯзи ҷаҳонии бидуни хушунат


Имрӯз, 2 октябр, нозирони байналмилалӣ назари худ дар бораи интихоботи парлумонии Гурҷистонро эълон мекунанд. Имрӯз боздиди раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз Туркманистон ба поён мерасад. Имрӯз рӯзи дувуми боздиди муассиси Фейсбук Марк Зуккерберг аз Маскав аст. Имрӯз дар Женева барандаи ҷоизаи имсолаи Мартин Энналс эълон хоҳад шуд. Имрӯз дар Сараево нишасти серӯзаи вазирони дифоъи Аврупои ҷанубӣ оғоз ба кор мекунад. Имрӯз дар Киев нишасти додситонҳои кулли СНГ доир мешавад. Парлумони Фаронса имрӯз ба баҳси тасвиби аҳдномаи суботи будҷаи ИА хоҳад пардохт. Имрӯз дар Квебек ба муносибати 40-солагии силсилаи бозиҳои тимҳои хоккейи Канадаву СССР бозии собиқадорони хоккейи Канадаву Русия баргузор мешавад. Ва 2 октябр дар тақвим Рӯзи байналмилалии бидуни хушунат эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG