Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мизбонон - барандаи Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ҷойи чаҳорумро касб кард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ишқобод бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони 9 кишвари узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ баргузор шуд.

Ба гурӯҳи “А” тимҳои наврасони Туркманистон, Русия, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон ва ба гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Украина, Тоҷикистон, Узбакистон ва Беларус шомил буданд.

Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббии даста Нӯъмон Юсуфов дар сабқати гурӯҳӣ се бозӣ анҷом дода, дар дутоаш бар тимҳои мунтахаби Узбакистон бо ҳисоби 4:0 ва Беларус бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардиданд ва аз ғолиби гурӯҳ - мунтахаби Украина бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштанд.

Дастаи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дувумро соҳиб шуд, ба нимфинал баромад, вале дар даври ниманиҳоӣ аз мунтахаби Туркманистон, ғолиби гурӯҳи “А”, бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашт.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ мунтахаби Русия, ки дар гурӯҳи худ дувум шуд, аз тими Украина, ғолиби гурӯҳи “В”, бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои ҷойи севум ва 5000 доллар бо мунтахаби Русия рақобат кард ва бо ҳисоби 0:3 ноком гашт.

Ҷоизаи аслии мусобиқа – Ҷоми раисиҷумҳур ва 20 000 долларро футболбозони навраси Туркманистон соҳиб шуданд. Мизбонон дар бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ишқобод тими Украинаро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст доданд. Дастаи Украина бо 10 000 доллар мукофотонида шуд.

Кумитаи тадорукоти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон беҳтарин бозигарони мусобиқаро эълон кард. Роман Пазенко аз дастаи мунтахаби Украина беҳтарин дарвозабон, Мекан Сапаров (Туркманистон) беҳтарин ҳимоятгар, Даниил Полубояринов (Русия) беҳтарин нимҳимоятгар ва Комрон Турсунов (Тоҷикистон) беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.

Мардон Муҳадов (Туркманистон), ки ҳамагӣ 6 тӯб задааст, бо ҷоизаи беҳтарин голзан сарфароз гашт. Ба Мавлонбердӣ Гошҷонов (Туркманистон) ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқа супурда шуд.
XS
SM
MD
LG