Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОМОН-и Рашт аз комиссариати ҳарбии Хоруғ берун шуд


Гурӯҳе аз нерӯҳои ОМОН-и минтақаи Рашт, ки дар Хоруғ ба сар мебаранд, ахиран саҳни комиссариати ҳарбии ин шаҳрро тарк гуфтаанд.

Нерӯҳои ОМОН-и минтақаи Рашт саҳни комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғро холӣ карданд. Бо ҳамин, охирин хаймаҳои сарбозону афсарон, ки бо оғози амалиёти Хоруғ дар моҳи июли соли ҷорӣ дар атрофи фурудгоҳи шаҳр зада шуда буданд, бардошта шуд.

Шоҳ Искандаров, роҳбари гурӯҳи ОМОН-и Рашт, гуфт, ба манзури халал ворид накардан ба даъати тирамоҳии сарбозон хаймаҳо бардошта шуда, хизматчиён ба қароргоҳи нерӯҳои вазорати умури дохилӣ интиқол ёфтаанд.
Ҷаноби Искандаров афзуд, қаблан 50 афсару сарбози ОМОН-и Рашт ба қароргоҳи аслии худ баргаштанд ва сарбозону афсарони боқимонда бо эътидоли пурраи авзоъ бармегарданд.

Шоҳ Искандаров вазъиятро дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшон, комилан ором арзёбӣ намуд. Вай гуфт, айни ҳол комиссияи махусуси мақомоти маҳаллӣ, ки намояндагони сохторҳои қудратӣ ва андоз ҳам ба он шомиланд, ба манзури ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт, савдои сари кӯча, сифати молу мавод фаъолият мебарад ва ба гуфтаи ӯ ба натиҷаҳои хубе ҳам ноил шудааст.

Бо холӣ шудани саҳни комиссариати ҳарбии шаҳр масъулини комиссариат ба сафарбар намудани сарбозон ба сафи артиш омодагӣ мебинанд. Агарчӣ нақшаи даъват ба хизмат дар сафи артиш дар Хоруғ коҳиш ёфтааст, аммо масъулин нигаронанд, ки бо таъсири ҳаводиси Хоруғ ҷавонони шаҳр ба хизмат кам рағбат нишон хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, комиссари ҳарбии вилоят Зафар Давлатов изҳор дошт, ки дар рӯзи аввали сафарбарӣ ба сафи артиш дар ноҳияи Шуғнон 60 дарсади даъватшудагон ҳозир шуда, ба артиш рафтаанд.

Амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ, пас аз се рӯзи кушта шудани генарал Абдулло Назаров, сардори пешини Раёсати амнияти Бадахшон, оғоз ёфт. Дар ҷараёни ин амалиёт ҳудуди ҳафтод тан кушта шуданд. Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз баъзе навоҳии вилояти Бадахшон, аз ҷумла Хоруғ боздид карда, бо фаъолон мулоқот анҷом дод. Ӯ дар сӯҳбати худ дар Хоруғ ба ҳаводиси ахири ин шаҳр ишора ва баъзе аз гурӯҳҳоро барои эҷоди ноамнӣ ва қочоқи маводи мухаддиру ҳифзи афроди ҷинояткор муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG