Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйдиҳандагони гурҷӣ фаъолона овоз медиҳанд


Дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии пойтахти Гурҷистон (1 октябри соли 2012)

Дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии пойтахти Гурҷистон (1 октябри соли 2012)

Мансабдорон мегӯянд, рӯзи душанбе раъйдиҳандагон дар интихоботи парламентии сарнавиштсози Гурҷистон хеле фаъол буданд. Дар ҳавзаҳои интихоботии пойтахти Гурҷистон навбатҳои тӯлонии овоздиҳандагон ба назар мерасид. Аз миёни 3 миллиону 600 ҳазор овоздиҳандаи гурҷӣ тахминан 1 миллион нафар дар Тбилисӣ ба сар мебаранд. Ба қавли комиссияи марказии интихобот то нисфирӯз беш аз 45 дар сади раъйдиҳандагон овоз доданд. Овоздиҳии рӯзи душанбе хеле муҳим аст, зеро низоми давлатдории Гурҷистон каме ислоҳ шуда, сарвазири ин кишвар салоҳияти бештар касб хоҳад кард. Аз замони инқилоби садбаргҳои соли 2003-ум дар саҳнаи сиёсии Гурҷистон Ҳаракати муттаҳидаи миллии зери раҳбарии президент Михеил Саакашвилӣ нерӯи асосӣ ба шумор меравад, вале дар ин интихобот эътилофи “Орзуи гурҷӣ”-и зери раҳбарии миллиардер Бидзина Иванишвилӣ ба рақиби ҷиддии ҳаракати ҳоким табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG