Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи интиҳории Хуст 14 тан кушта шуданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Хуст, 14 тан ҷони худро аз даст додаанд.

Бино ба гузоришҳои расида, ин таркиш соати ҳашти субҳи рӯзи душанбе дар як маҳаллаи серафтуомади Хуст рух додаст.

Мақомоти маҳалии вилояти Хуст гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса ба шумули пулиси миллӣ, нерӯҳои байналмилалӣ ва афроди мулкӣ, 14 тан кушта шуданд. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар ин ҳодиса як фармондеҳи пулис аз гурӯҳи вокуниши сареъ низ, кушта шудааст. Аммо мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон кушта шудани 9 танро дар ин ҳодиса таъйид кардаанд.

Дар ҳамин ҳол нерӯҳои ISAF бо нашри эъломия, аз кушта шудани се сарбоз ва як тарҷумони ин нерӯҳо дар Афғонистон хабар медиҳанд. Ҳарчанд мақомоти ISAF дар мавриди маҳали дақиқи кушта шудани сарбозони худ чизе нагуфтаанд, аммо зоҳиран маълум мешавад, ки онҳо дар ҳамин ҳамлаи вилояти Хуст кушта шуданд.

Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтаанд. Ҳудуди ду моҳ қабл ҳамлаи монанд дар ҳамин вилоят рух дода буд ва дар он замон се сарбози нерӯҳои байналмилалӣ ва 20 ғайри низомӣ кушта шуданд.

Бар асоси гузоришҳо, вилояти Хуст аз ноамнтарин вилоятҳои ҷануб-шарқии Афғонистон ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG