Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 18-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Аз панҷ бозӣ дар сетоаш меҳмонон ва дар дутоаш мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд. Мизбонон 6 гол ва меҳмонон низ ҳамин миқдор тӯб заданд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар меҳмонӣ тими “Истаравшан”-и Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, мавқеашро бо 41 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Муддаии дигари унвони қаҳрамонӣ – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб , ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 37 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки барои медалҳои мусобиқа талош мекунад, дар майдони худ ба дарвозаи КМВА (ССКА) “Помир”-и Душанбе ду голи беҷавоб зад. “Хайр” бо 33 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Дар бозиҳои дигар дастаи “Гвардия”-и Душанбе бар тими мизбон - “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 1:0, дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар сафар бар тими «Зарафшон»-и Панҷакент ва дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими меҳмон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби якхелаи 2:1 пирӯз шуданд.

Даври 18-ум

«Ҳосилот» (Фархор) - «Гвардия» (Душанбе) - 0-1
Гол: Абдурасул Раҳмонов, 88.

«Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) - 2-0
Голҳо: Рустам Хоҷаев, 2 (1:0). Мирзобек Мирзоев, 82 (2:0).

«Зарафшон» (Панҷакент) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1-2
Голҳо: Фаридун Шарифов – Пирмурод Бурҳонов, Фозил Сатторов.

“Истаравшан” (Истаравшан) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 1-2
Голҳо: Беҳрӯз Сангинов - Аҳтам Ҳамроқулов, Ҷамшед Исмоилов.

«Энергетик” (Душанбе) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – 2-1
Голҳо: Шодибек Ғаффоров (2 гол, 1 гол аз пеналтӣ) - Артур Камалеев


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 11 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Асадулло Бобоҷонов («Парвоз») – 9-тӯбӣ, Габриэл Донто, Шодибек Ғаффоров (ҳарду - «Энергетик»)- 8-тӯбӣ.

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

13

2

1

37-11

41

2

«Равшан» (Кӯлоб)

15

12

1

2

22-6

37

3

«Хайр» (Ваҳдат)

16

10

3

3

29-18

33

4

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

2

2

32-8

29

5

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

16

8

2

6

33-22

26

6

«Вахш» Қӯрғонтеппа

14

7

2

5

20-9

23

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

6

2

8

22-26

20

8

КМВА “Помир” (Душанбе)

16

5

4

7

16-19

19

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

17

5

3

9

25-34

18

10

«Энергетик» (Душанбе)

15

4

5

6

20-20

17

11

«Ҳосилот” (Фархор)

16

4

1

11

16-35

13

12

«Гвардия» (Душанбе)

16

2

0

14

9-42

6

13

«Зарафшон» (Панҷакент)

16

1

3

12

17-48

6


Бозиҳои навбатӣ:
3-юми октябр (чоршанбе), соати 15:00
“Равшан” (Кӯлоб) - “Вахш” (Қӯрғонтеппа)

4-уми октябр (панҷшанбе), соати 15:00
“Энергетик” (Душанбе) – КМВА “Помир” (Душанбе)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG