Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти қазоқҳои муттаҳам бо терроризм тамдид ёфт


Полиси шаҳри Атирау ҳангоми амалиёт бар зидди ҷангҷӯён дар моҳи сентябр
Полиси шаҳри Атирау ҳангоми амалиёт бар зидди ҷангҷӯён дар моҳи сентябр
Додгоҳи шаҳри ғарбии Атирауи Қазоқистон ҳукм баровард, ки се фарди муттаҳам бо терроризм пеш аз муҳокима ду моҳро дар боздоштгоҳ гузаронанд. Рӯзи душанбе мақомоти маҳаллӣ иброз доштанд, ки се нафар бо роҳҳои ғайриқонунӣ силоҳи оташфишон ба даст оварда, дар интернет имкони сохтани маводи таркандаро ҷустуҷӯ доштанд. Ба гуфти мансабдорони қазоқ се муттаҳам сехостанд болои пойгоҳи полис ва мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ ҳамла ташкил кунанд. Дар миёнаҳои моҳи сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Қазоқистон дар ҷараёни як бархӯрди мусаллаҳона дар Атирау чор фарди эҳтимолан ҷангҷӯйро ба қатл расонданд. Дар он ҳодиса ду афсари полис захм бардошта буданд.
XS
SM
MD
LG