Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари узбак ба Туркманистон меравад


 Ислом Каримов-президенти Узбакистон
Ислом Каримов-президенти Узбакистон
Имрӯз боздиди дурӯзаи президенти Узбакистон Ислом Каримов аз Туркманистон оғоз меёбад. Дафтари матбуотии президенти Узбакистон мегӯяд, ки Ислом Каримов ва ҳамтои туркмани ӯ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ мекунанд. Ин сафар ба замоне рост омадааст, ки президенти Узбакистон бо мақсади лағви барномаҳои бунёди нерӯгоҳҳои азими барқу оби Қирғизистону Тоҷикистон кумаки байналмилалӣ ҷустуҷӯ дорад.
Ба қавли мақомоти узбак бунёди нерӯгоҳҳо киштзорҳои кишварҳои поёноб: Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистонро аз об маҳрум мекунанд. Моҳи гузашта Каримов ҳамин гуна паёме ба Қазоқистон бурда буд, вале президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба он таваҷҷӯҳи зиёд нишон надод.
Равобити Туркманистону Узбакистон дар даврони ҳукмронии президенти Сапармурод Ниёзов сард буданд.
Дар охири соли 2002-ум мақомоти Туркманистон Узбакистонро бо дастгирии барномаи сӯиқасд ба ҷони президент Ниёзов муттаҳам карда буданд. Вале баъди соли 2006-ум вақте Бердимуҳаммадов президенти Туркманистон интихоб шуд, равобити миёни ду кишвар каме беҳбуд ёфтааст.
XS
SM
MD
LG