Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуқодири Абдуқаҳҳор раиси ТВ «Пойтахт» таъйин гардид


Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Абдуқодири Абдуқаҳҳорро ба симмати раиси шабаккаи телевизионии «Пойтахт» пазируфтааст. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар ин мақом Раҳмон Остон, собиқ раиси шабкаи телевизионии «Пойтахт»- ро, ки муддати беш аз даҳ сол раҳбарии онро ба ӯҳда дошт, иваз кард.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдуқодирои Абдуқаҳҳор то кунун раиси Радиои Тоҷикистон, мутааллиқ ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро бар дӯш дошт.
Таъини Абдуқодирои Абдуқаҳҳор ба симмати раиси шабакаи телевизионии «Пойтахт» дар пайи баргузории озмуне барои дарёфти номзад ба ин мақом, ки муддати як моҳ идома дошт, сурат мегирад. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар миёни 10 нафар аз номзадҳо пирӯз шуда ва аз ин ба баъд раёсати шабакаи телевизионии «Пойтахт» -ро хоҳад дошт. Зимнан, шабакаи телевизионии «Пойтахт» минбари шаҳрдории Душанбе буда, беш аз 15 сол боз фаъол аст. Абдуқодирои Абдуқаҳҳор аз соли 1995 дар вазифаҳои муҳаррир, муовини сармуҳаррири идораи иттилоотии телевизиони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири идораи «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсии ТВ Тоҷикистон ва аз соли 2006 инҷониб ба ҳайси директори радиои Тоҷикистон кор кардааст. Вай хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, 44 сол дорад.
XS
SM
MD
LG