Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири адлия: "Ҳеҷ мавриди шиканҷа беҷавоб намемонад"


Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон (дар байн)

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон (дар байн)

Вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи якуми октябр дар робита ба марги Ҳамза Икромзода дар зиндон изҳори назар кард.

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи якуми октябр пас аз ҷаласаи вакилони Маҷлиси намояндагон дар робита ба ҳодисаи фавти Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар зиндони рақами 1-и Душанбе изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ин мавзӯъ дар вазорати адлия муҳокима шуда, онҳо мунтазири анҷоми бозрасӣ ё таҳқиқи Додситонии кулланд.

Ҷаноби Менглиев афзуд, тасмими онҳо барои танбеҳ ё ҷазо додани масъулони зиндон дар робита ба марги Ҳамза Икромзода ба натиҷаи санҷиши Додситонии кул вобаста аст, ки таҳқиқи ин қазияро бар ӯҳда дорад. Вазири адлияи Тоҷикистон, ки дар бинои Маҷлиси намояндагон бо хабарнигорон сӯҳбати кӯтоҳе дошт, гуфт, онҳо зидди шиканҷа дар маҳбасҳоянд ва талош хоҳанд кард, то аз ин амал пешгирӣ шавад.

Вай аз ҷумла илова кард, ки танҳо дар соли гузашта се маъмури зиндонҳои Тоҷикистон барои роҳ додан ба шиканҷа танбеҳ гирифтаанд. Вазири адлияи Тоҷикистон қавл дод, ки марги Икромзода ҷиддан бозрасӣ шуда, онҳоеро, ки дар ин қазия даст доранд, беҷавоб нахоҳанд гузошт.

Ҳамза Икромзода ду сол пеш бо иттиҳоми авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтидааст. Ба бовари хонаводаи Икромзода, ӯ бар асари латту кӯб фавтидааст, аммо мақомот мегӯянд, ӯ худкушӣ кардааст.

Аксҳо: Марги Ҳамза Икромзода: Худкушӣ ё шиканҷа?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG