Пайвандҳои дастрасӣ

Бандҳои тӯҳмату таҳқир ба Кодекси шаҳрвандӣ "кӯчиданд"


Бинои парлумони Тоҷикистон.

Бинои парлумони Тоҷикистон.

Бандҳои тӯҳмату таҳқир аз Кодекси мурофиавии Тоҷикистон низ хориҷ шуда, ба Кодекси шаҳрвандӣ интиқол ёфтаанд.

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, бандҳои марбут ба "тӯҳмат"-у "таҳқир"-ро аз Кодекси мурофиавии Тоҷикистон низ берун кардаанд. Хабарнигори порлумонии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамакнун ин моддаҳо расман ба Кодекси шаҳрвандӣ "кӯчонда" шуданд.

Ин тасмим дар ҷаласаи субҳи рӯзи 1-уми октябр, ҷаласаи нахустин пас аз таътили вакилони порлумони Тоҷикистон, гирифта шуд. Аз ин пештар, бандҳои марбут ба "тӯҳмат"-у "таҳқир" аз Кодекси ҷиноии кишвар лағв гардида буд, ки маҳофили журналистӣ аз он ҳимоят карданд.

Ин ҳама ислоҳҳо ба дунболи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи таҷлил аз 100-умин солгарди матбуоти тоҷик амалӣ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, то ин ду банди баҳсбарнгез бояд ба қонуни шаҳрвандӣ интиқол шаванд.

Аммо иддае ба ин боваранд, ки дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон бандҳои дигаре, ки муҷозот барои таҳқиру тӯҳматро пешбинӣ мекунад, ҳанӯз мавҷуд аст. Аз ҷумла, банди 137-и Кодекси ҷиноӣ муҷозоти то панҷ сол маҳрумият аз озодиро барои таҳқир ва тӯҳмати президенти Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Дар пешниҳоди раисиҷумҳур аз ислоҳи ин банд ҳарфе гуфта нашудааст.

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки лағви ин бандҳо аз қонуни ҷиноӣ ва мурофиавӣ мавридҳои баҳси додгоҳӣ бо хабарнигоронро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳоле ки дар гузашта чунин мавридҳо, ки барои нашри матолиби танқидӣ хабарнигорон маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҷо доштанд.

Намунаи равшани он ба се соли зиндон ва 35 ҳазор сомонӣ муҷозот шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори минтақаии нашрияи "Нури Зиндагӣ" аст, ки наздик ба як сол дар зиндон ба сар бурда ва гуноҳаш ҳам "таҳқир"- и як масъули додситони ноҳияи Ашт зимни нашри як матлаб буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG