Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон расман "Бегуноҳии мусалмонон"-ро маҳкум кард


Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ нашри филми тавҳиномези "Бегуноҳии мусалмонон"-ро маҳкум намуданд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар иҷлоси 67-уми Созмони Милал таҳқиру тавҳини динҳо, аз ҷумла дини мубини Ислом дар гӯшаҳои оламро маҳкум кард. Ӯ, ки дар минбари СММ аз номи Тоҷикистон сухан мегуфт, афзуд, "мо тарафдори эҳтироми гуногунии фарҳангиву динӣ ва гуфтугӯи байни тамаддунҳо барои таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин муносибат, мо бисёр нигаронем, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам, бо суистифода аз озодии баён, кӯшишҳои таҳқир намудани динҳо, хусусан дини мубини Ислом, бамушоҳида мерасанд. Мо ин раванди номатлубро қотеона маҳкум менамоем."

Ҳарчанд ҷаноби Зарифӣ рӯшод нагуфт, аммо ишораи ӯ рӯи филми "Бегуноҳии мусалмонон" буд, ки аз 11-уми сентябр ба ин сӯ дар гӯшҳои дунё, бахусус кишварҳои мусалмоннишин, вокунишҳои тундеро ба дунбол доштааст. Ин нахустин вокуниши расмии мақомоти Тоҷикистон ба филми тавҳиномез аст.

Қабл аз ин, ҲНИТ филми "Бегуноҳии мусалмонон"-ро, ки дар он паёмбари Ислом истеҳзо шудааст, маҳкум намуда буд. Масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз кишварҳои зидахл ва созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, таҳиягарони "Бегуноҳии мусалмонон"-ро, ки ҳоло дар олами Ислом шӯр барангехтааст, ба ҷавобгарӣ кашанд.

Филми “Бегуноҳии мусалмонон”, ки мавҷи эътирозҳои хунин дар ҷаҳони исломро барангехт, дар Маҷмаи умумии СММ низ як мавзӯи асосии баҳси сарони дунё буд. Сарони бонуфузи ҷаҳони Ислом, бо шумули раҳбарони Ҷомеаи Араб ва Созмони ҳамкории исломӣ, хостори таҳияи қонунҳои байналмилалӣ алайҳи тавҳин ба муқаддасоти динӣ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар иёлати Калифорнияи Амрико Накула Басела Накула, ки муаллифи филми зиддиисломии “Бегуноҳии мусалмонҳо” дониста мешавад, боздошт шуд. Додгоҳ мехоҳад мушаххас кунад, ки Накула ҳангоми навори филм шартҳои раҳоии худ дар зиндонро вайрон кардааст ё на.

Накула барои қаллобии бонкӣ маҳкум ба зиндон шуда буд ва соли 2011 ба шарте раҳо шуд, ки як муддат бидуни иҷозаи намояндаи мақомоти назоратӣ наметавонад аз интернет истифода кунад.
XS
SM
MD
LG