Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти "Pussy Riot”-ро имрӯз баррасӣ мекунанд


Додгоҳи Маскав имрӯз шикояти се узви зиндонии панк- гурӯҳи "Pussy Riot”-ро баррасӣ хоҳад кард. Ин се зан дар моҳи август бо ҷурми авбошӣ ва таҳрики адовати мазҳабӣ дусолӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Онҳо дар моҳи феврал аз меҳроби калисои Исои Наҷотбахш дар маркази Маскав алайҳи Владимир Путин тарона хонда буданд. Дирӯз калисои православии Русия аз онҳо хост, то тавба кунанд. Ҳукми зиндони ин се овозхон мавҷи интиқоди байналмилалиро ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG