Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Нусра аз асорати 5 афсари яманӣ хабар дод


Ҷабҳаи Нусра, як гурӯҳи исломие, ки алайҳи нирӯҳои давлатии Сурия меҷангад, бо пахши як навори видеоӣ аз асорати 5 афсари яманӣ хабар дод. Ин 5 афсар дар навори 4-дақиқагии нашршуда дар сомонаҳои ҷиҳодгаро, ки воқеъияташ ҳанӯз ташхис нашудааст, эътироф мекунанд, ки ба кумаки артиши Башор Асад омада, дар Ҳалаб – маркази даргириҳои нирӯҳои давлатӣ бо чирикиҳо – хидмат мекарданд. Аммо як гурӯҳи ямании ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ин 5 афсар то ғайб заданашон дар моҳи август дар академияи низомии Ҳалаб таҳсил мекарданд.
XS
SM
MD
LG